Дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i95130-Дидори_раиси_Маҷлиси_миллии_Тоҷикистон_бо_раиси_Думаи_Русия
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия дидору гуфтугу кард.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Декабр 05, 2022 19:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи Русия
    Дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи Русия

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия дидору гуфтугу кард.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси милли маҷлиси олии Тоҷикистон дар таърихи 5 декабр дар Маскав дар ҳошияи нишасти навбатии маҷмаъи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи бо Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия дидору гуфтугу кард.

Дар ҷараёни ин гуфтугу мавзуъоти мубрами вазъияти кунуни ва чашмандози равобит миёни Тоҷикисон ва Русия аз ҷумла равобити байни парлумонии ду кишвар мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Тарафайн ибрози ризоят карданд, ки дидорҳои сарони ду кишвар ба раванди рушди муназзами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва ҳамчунин тақвияти мабонии ҳуқуқии равобити дуҷониба кумак мекунад.