Истиқболи дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи аз мавозеъи Рустами Эмомалӣ дар нишасти ахири ин созмон
(last modified 2022-12-06T12:50:27+00:00 )
Декабр 06, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи аз мавозеъи Рустами Эмомалӣ дар нишасти ахири ин созмон
    Истиқболи дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи аз мавозеъи Рустами Эмомалӣ дар нишасти ахири ин созмон

Суханони Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси милли маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе дар мавриди ин ки терроризм ва қочоқи маводи мухаддир таҳдидҳои асоси аз хоки Афғонистон ҳастанд мавриди ҳимояти Станислав Зас, дабири СПАД қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Станислав Зас, дабири кулли СПАД таъкид кард, ки чолишҳо ва таҳдидҳо аз хоки Афғонистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳақиқат нигаронкунанда аст.

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар суханронии худ дар ин нишаст афзуд: Ин аввал аз ҳама хатари бузурги терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аст ба гуфтаи вай дар чунин шароите кумак ба Тоҷикистон барои тақвияти марзҳои худ бо Афғонистон як мавзуъи муҳими руз боқи монда аст.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси милли маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханони дар нишасти муштараки шуро ва понздаҳумин иҷлоси умумии маҷмаъи парлумонии СПАД, ки рузи 5 декабр дар Маскав баргузор шуд гуфт: Ҳифз аз марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бояд тақвият шавад Рустами Эмомалӣ аз вазъияти кунунии кишвари ҳамсояи Афғонистон ибрози нигарони кард.

 

Барчасп