Ҳазфи доллар аз 70 дарсади мубодилоти Русияву Тоҷикистон
(last modified Sat, 24 Dec 2022 07:41:19 GMT )
Декабр 24, 2022 12:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи доллар аз 70 дарсади мубодилоти Русияву Тоҷикистон

Равобити тиҷории Русияву Тоҷикистон алорағми пешбиниҳои Ғарб тақвият мешавад ва ҳамзамон сафири Русия эълом карда, ки доллар аз 70 дарсади мубодилоти ду кишвар ҳазф шудааст .

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Симион Григорев-сафири Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши гардиши тиҷории байни Русияву Тоҷикистон хабар дод ва афзуд бархилофи пешбинии коршиносони ғарбӣ дар мавриди таъсири таҳримҳо,равобити иқтисодии Русияву Тоҷикистон бо шеби қобили қабуле афзоиш ёфтааст .Бар асоси ин гузориш гардиши молии тиҷории Русияву Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳаи аввали соли 2022 ҳудуди 1.521 миллиард доллар буд, ки нишондиҳандаи афзоиши 34.4 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл аст . Григорев дар мусоҳиба бо Азиялюс, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, гуфт : « Коршиносони ғарбӣ дар бораи таъсири мухарриби таҳримҳои зидди Русия бар иқтисоди Тоҷикистон таҳлилҳои иштибоҳ ва нодурусте доштанд ва ин таҳримҳо бар равобити ду кишвар таъсир надоштааст . »
Ба гуфта Григорев то ҳадде таҳримҳо ҳатто ба тавсеаи тиҷорати мо кумак кард . Дар моҳи март Русияву Тоҷикистон тавофуқ карданд, ки равобити тиҷории худро аз доллари Амрико ба рубли Русия тағйир диҳанд . Ин иқдом воридот аз Русияро сода кард ва акнун барои хариди колоҳову маҳсулот дар кишвари мо ниёзе ба табдили ҳаволаҳои пулӣ ба доллар нест .
Сафири Русия таъкид кард, ки ҳаддиақал 70 дарсад аз қарордодҳои таъминкунандагони колову маҳсулоти Тоҷикистон аз Русия ба рубл тағйир кардааст .