Январ 06, 2023 21:14 Asia/Dushanbe
  • Имкони ҷазби сармояи мустақими Туркия дар иқтисоди Тоҷикистон
    Имкони ҷазби сармояи мустақими Туркия дар иқтисоди Тоҷикистон

Дар Анкара имкони ҷазби сармоягузории мустақими Туркия дар иқтисоди Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши “Ховар”, Ашрафҷон Гулов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия бо Аҳмад Бурок Довлиюлу, раиси бахши сармоягузории дафтари иҷроии раиси ҷумҳурии Туркия дар Анкара дидору гуфтугӯ кард.

Бино бар эъломи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор тарафайн дар мавриди теъдоде аз мавзуоти мавриди алоқа, аз ҷумла имкони ҷазби сармояи мустақими Туркия дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп