Мавҷи сармои шадид аз Русия ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон расид
Январ 11, 2023 19:19 Asia/Dushanbe
Бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи сешанбеи 10 январ бо мавҷи сармои шадид рӯ ба рӯ шудаанд, ки тибқи пешбиниҳо то поёни ин ҳафта идома хоҳад дошт.
Ба гузориши “Шафақно”, ба нақл аз Би Би Си, ба гуфтаи ҳавошиносон ҳавои сард аз Волгаи Русия, минтақае васеъ дар бахши аврупоии ин кишвар вориди Осиёи Марказӣ шудааст.
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки аз рӯзи сешанбе то 14 январ дар саросари кишвар бориши барфу борон шуруъ шуда, ҳаво сард хоҳад буд.
Барчасп