Январ 17, 2023 11:37 Asia/Dushanbe
  • Ваҳдат Ҳаннонов : Зиндагӣ дар Эронро дӯст дорам

Бозикуни тоҷикистонии тими Персполиси Эрон аз ҳузур дар ин тим ибрози ризоят кард ва эълом кард қасди ҷудоӣ аз ин тимро надорад .

Пас аз овозаҳо дар мавриди ҷудоии Ҳаннонов аз тими Персполис дар чанд моҳи гузошта, хабаргузории футболи Эрон бо ин муҳоҷими тоҷикистонӣ мусоҳибае анҷом дод, ки дар ин мусоҳиба Ҳаннонов аз ҳузур дар Эрон ва тими Персполис ибрози ризоят кард .
Вай дар ин мусоҳиба гуфт ман қарордоди 3 сола бо Персполис бастам ва дар ин тим хеле хушҳолам . Шароит дар Персполис хуб аст ва хушҳолам дар беҳтарини тими Эрон ва яке аз беҳтарин тимҳои Осиё бозӣ мекунам .
Ҳаннонов изофа кард чанд пешниҳод аз тимҳои дигар доштам, вале қарор набуд аз Персполис ҷудо шавам . Дӯст доштам бимонам ва бо тимам қаҳрамон шавам ва ҷом бигирам . Алон ҳам ба ҳамин шакл аст ва ман дӯст дорам дар Персполис бимонам ва ба тимам кумак кунам . Аз ҳузур дар Персполис хушҳолам ва қасди ҷудоӣ надорам .
Вай идома дод Эрон кишвари хуб аст ва мардуми меҳрубон дорад, ки ҳар куҷо манро мебинанд ба хубӣ бо ман рафтор мекунанд. Зиндагӣ дар Эронро дӯст дорам ва мехоҳам ба корам дар Персполис идома диҳам.

 

Барчасп