Намоиши маҳсулот ва аксҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Брюссел
(last modified Thu, 19 Jan 2023 14:05:09 GMT )
Январ 19, 2023 19:05 Asia/Dushanbe
  • Намоиши маҳсулот ва аксҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Брюссел

Саноати дастӣ ва тасвирҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба унвони бахше аз барномаи фарҳангӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел ба намоиш дароварда шуд .

Дар 17 январ дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ Стефано Саннино ва Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакала маросимро ифтитоҳ ва дар мавриди вазъият ва чашмандози тавсеа ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд гуфтугӯ карданд .
Дар бахше аз ин намоиш барномаи фарҳангӣ бо сурӯду оҳангҳои миллӣ, намоиши саноъати дастӣ ва аксҳои мардумӣ ироа шуд .
Ҳамчунин ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо, дафтари хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо то 2 феврали 2023 мизбони намоишгоҳи наққошиҳо ва аксҳои ҳунармандони минтақа хоҳад буд .