Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазир ва мардуми Покистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми ҳамлаи террористи дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешорвари Покистонро ба нахуствазир ва мардуми ин кишвар таслият гуфт.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми ҳамлаи террористи ба яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовари Покистонро ба Шаҳбоз Шариф, нахуствазири ин кишвар таслият гуфт.
Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.
Мо ин амали террористии золимонаро қотеона маҳкум карда, ба шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву таслияти амиқи ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем.