Дидори сафири Эрон бо вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i98072-Дидори_сафири_Эрон_бо_вазири_умӯри_хориҷаи_Тоҷикистон
Сафири Эрон бо вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон мулоқот кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 08, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон бо вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон

Сафири Эрон бо вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон мулоқот кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе бо  Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон мулоқот кард .
Дар ин дидор заминаҳои ҳамкориҳо дар абъоди мухталифи равобити ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон баррасӣ ва бар тавсеаи ҳамкориҳову муносиботи байни якдигарии ду кишвар таъкид шуд .
Ҳамчин дар ин дидор дар хусӯси охирин вазъияти таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу табодули назар сурат гирифт .