Феврал 08, 2023 19:11 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар боздид аз музеии синамо : Синамои Эрон рушди қобили таваҷҷуҳе дорад

Сафири Тоҷикистон дар боздид аз Музеи синамои Эрон гуфт : Синамои Эрон рушди қобили таваҷҷуҳе дорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода-сафири Тоҷикистон дар Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш дар боздид аз музеи синамои Эрон гуфт : Аз солҳои гузашта бо ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷр ошно аст ва ин ҷашнвора ҳар сол филмҳои хуберо ҷамъоварӣ мекунад ва ҳунармандони матраҳу саршинос аз кишварҳои дигар филмҳои худро ба ин ҷашнвора ирсол мекунанд. Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода бо қадрдонӣ аз меҳмоннавозии Музеи синамои Эрон афзуд : Имрӯз барои аввалин бор дар боғи Фирдавс ва музеи синамои Эрон ҳузур пайдо карда ва ин макон шоистаи сатҳи пешрафти синамои Эрон аст . Чиҳилуякумин ҷашнвораи байни алмилалии филми Фаҷр аз якум то ёздаҳуми феврал дар ҳоли баргузорӣ аст . Ба гуфтаи Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ-вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон осори синамои мутанаввиъе аз 70 кишвар ба ҷашнвораи филми Фаҷр ирсол шудааст ва беш аз 140 меҳмони хориҷӣ аз шахсиятҳои барҷастаи синамоӣ дар ҷашнвора ҳузур доранд .

 

Барчасп