Таъкиди Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ бар ҳимоят аз Тоҷикистон
(last modified Wed, 15 Feb 2023 14:32:39 GMT )
Феврал 15, 2023 19:32 Asia/Dushanbe
  • СПАД дар мавриди ҳар гуна ҳамлаи низомӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор дод
    СПАД дар мавриди ҳар гуна ҳамлаи низомӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор дод

Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ зимни эъломи ҳимоят аз Тоҷикистон, дар мавриди ҳар гуна ҳамла аз хоки Афғонистон ҳушдор дод.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва мудири бахши дувуми осиёии Вазорати хориҷаи Русия чанде пеш гуфта буд, Амрикову Англия ба манзури ноамнии Осиёи Марказӣ ва марзҳои ҷанубии Русия, барои тақвияти сангарҳои гуруҳи ДИИШ дар Афғонистон талош мекунанд.

Имрӯз низ раиси Ситоди муштараки СПАД беон ки номе аз ДИИШ бар забон биоварад, дар мавриди ҳар гуна ҳамлаи низомӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор дод.

Анатолий Сидиров, раиси Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Агар Тоҷикистон бо таҳдиде аз хоки Афғонистон рӯ ба рӯ шавад, неруҳои ин созмон зарфи 12 соат вокуниш нишон хоҳанд дод.