Баргузории ҷашни Мабъаси Паёмбари Ислом (с) дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон
Маросими ҷашни Мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
Маросими ҷашни Мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) шомгоҳи ҷумъа бо ҳузури сафир, аъзои сафорат, шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабии тоҷику ҷамъи зиёде аз эрониёни муқим дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ин маросими шодӣ ва сурур бо таловати оёте чанд аз Қуръони Карим оғоз ва бо барномаи мавлӯдхонӣ, иҷрои деклама тавассути донишомӯзони муҷтамаи омӯзишии сафорат ва мусобиқоти пурсишу посух идома ёфт.
Дар ин маросим, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо табрики беъсати Паёмбари гиромии Ислом(с) ба умуми мусулмонони ҷаҳон ва ҳозирон дар маросим бо таловати ояи 164 сӯраи Оли Имрон тайи суханоне изҳор дошт, аҳдофи беъсати Паёмбари Ислом (с)-ро мо метавонем бо истифода аз оёт аз Қуръон ингуна баён кунем: «юззакиҳим » (Оли Имрон, 164) ахлоқу тарбият, тазкияи нафас, «яъламаҳум» таълиму омӯзиш, масаълаи дигари бандагии Худо,ояи 36 сураи муборакаи Наҳл ва ҳадиси шарифи Набавӣ.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, яке аз хусӯсиёти боризе, ки Худованд дар Қуръон дар бораи Паёмбари Ислом (с) матраҳ мекунад, ин аст, ки мефармояд, «мин анфусикум, Паёмбар(с) аз худатон аст». Яъне Паёмбари Ислом (с) мардумӣ будааст ва ин тасвири куллӣ аст, ки Қуръон дар бораи эшон баён фармӯдааст.
Дар бахши дигаре аз ин маросими зебои маънавӣ, устод Давлатманд Хол, хонандаи номии тоҷик бо иҷроӣ чанд шеъру оҳанг дар васфи ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бар шодӣ ва сурури ҳозирон афзуд.
Шоёни зикр аст, ки дар поёни ин маросими маънавӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ба ширкаткунандагоне, ки ба суолоти марбӯт ба абъоди зиндагонии Паёмбари гиромии Ислом (с) посухҳои саҳеҳ доданд, ҷавоизе тақдим кард.