Март 01, 2023 11:51 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии имзои 20 санади ҷадиди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Дар ҳошияи сафари дурӯзаи нахуствазири Русия ба Тоҷикистон пешбинӣ мешавад, ҳудуди 20 санади ҷадиди ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шавад.

Дар чорчӯби нӯҳумини Конфронси ҳамкории байниминтақаӣ, ки бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои амалии Тоҷикистон ва Русия барпо мешавад, ҷаласоти умумӣ бо мавзӯи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамкории саноатӣ, энержӣ, муҳити зист, ҳамлу нақл ва луҷистик ва ҳамчунин илмӣ, омӯзишӣ ва башардӯстона сурат мегирад.

Дар дувумини рӯзи конфронс дидорҳои ҳузурӣ ва ҳамчунин нишасти Шӯрои тиҷории Тоҷикистон ва Русия бо мушорикати ҳудуди 500 намоянда аз маҳофили тиҷории Русия, баргузор мешавад.

Дар дувумин рӯзи конфронс, ширкати Федерали ҳимоят аз касбу  корҳои кӯчак ва мутавассити Русия ба ҳамроҳи Созмони умумии машоғили кӯчак ва мутавассит, барои ширкатҳои кӯчак ва мутавассит дар шаҳри Душанбе бистаре барои барқарории тамос ва иртибот фароҳам мекунад.

Дар ин фазо ширкатҳои тоҷикистонии фаъол дар заминаи металлургия, муҳандисӣ, саноати ниссоҷӣ ва ғизоӣ, кишоварзӣ ва домпарварӣ, пизишкӣ ва хадамоти фанноварии иттилоот ва маҳсулот ширкат мекунанд.

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия аз 2 то 3 марти соли 2023 ба Тоҷикистон сафар мекунад.

 

Барчасп