Март 09, 2023 14:49 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: 25 дарсади туҷори Тоҷикистон, занон ҳастанд
    Эмомалӣ Раҳмон: 25 дарсади туҷори Тоҷикистон, занон ҳастанд

Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёме, ки ба муносибати "Рӯзи зан" қироат кард ба нақши занон дар ин кишвар дар заминаи туҷорӣ ва аз ҳузӯри 25 дарсади бонувони ин кившар дар ин замина хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёме ба бонувони ин кишвар фарорасидани Рӯзи моддарро табрик гуфт.

Ба гузориши Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ модарро аввваалин мурабии инсон унвон кард ва ҷашни Рӯзи модар ва оғози баҳору давраи омодаги ба Наврӯзи бостонро рамзи ҳамоиши ду нерӯи бузурги зиндагиофарин донист, зеро бинобар суханони вай, агар Наврзӯ оғози эҳёи табиат аст, зан-модар, офарандаи ҳаёти инсонӣ аст.

Вай бо таваҷӯҳ ба нақши  маҳсуси занон ва духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии  ҷомеъа таъкид кард, ки таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи манофеъи модарон ва тамоми занонро яке аз муҳимтарин ҷиҳатҳои сиёсати худ медонад.

Бинобарин суханони раисиҷумҳӯри Тоҷикистон 25 дарсад аз туҷор ва 23 дарсад аз мудирони мазореъи кишоварзӣ дар Тоҷикистон занон ва духтарон ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон идома дод: Мо муҳимтарин таъсисот, яъне Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, 900 зан дар шароити баробар бо мардон ба кору фаъолият машғул ҳастанд.

Вай афзӯд: Мо муъазафем занон ва духтаронро ба унвони чароғи хонавода ва гармоишбахши ҳар хона дӯст бидорем, аз муҳаббат, шабҳои бехобӣ, талош ва кушиши онҳо қадрдонӣ кунем, ба онҳо эҳтиром бигухзорем ва талош кунем то модаронамон, ҳамаи занон ва духтарон ҳамеша солим , шод ва муваффақ бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни ин паём бори дигар Рӯзи модарро ба ҳамаи бонувон ва модарони кишвараш табрик ва барои так таки онҳо орзӯи саломатӣ ва шодкомӣ ва  муваффақияту зиндагии пурбарорро орзӯ кард.

Барчасп