Март 12, 2023 10:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар коргуруҳи муштарак дар умури Афғонисон
    Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар коргуруҳи муштарак дар умури Афғонисон

Ҳайати Тоҷикистон дар коргуруҳи муштарак дар умури Афғонистон дар чорчуби гуфтугуи "Осиёи Марказӣ ва Ҳинд" ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аввалин коргуруҳи муштарак дар умури Афғонистон дар чорчуби гуфтугуи "Осиёи Марказӣ ва Ҳинд" дар Деҳлии Нав бо ҳузури раисони бахшҳои сохтори зирабт, намояндагони вижаи Вазорати корҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд баргузор шуд.

Дар ин коргуруҳ тарафайн дар мавриди абъоди сиёсӣ, амниятӣ ва инсонӣ вазъияти кунунии Афғонистон хатарот ва таҳдидҳои замонавӣ аз қабили терроризм, ифротигароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз хоки ин кишвар ва ҳамчунин роҳ ва усулҳои муқобила бо чолишҳои минтақаӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин намояндагони барномаи ҷаҳонии ғазо ва дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноятҳои Созмони Милал дар мавриди фаъолиятҳои худ дар Афғонистон дар ростои аз байн бурдани буҳрони инсонӣ ва пегири аз қочоқи маводи мухаддир иттилоъ доданд дар поёни ин нишаст баёнияи муштарак ба тасвиба расид.

Барчасп