Эрон ба ривояти осор: Нафрини Анубонинӣ шоҳи бостонии 4000 соли қабл чи буд?
(last modified 2020-07-26T06:32:07+00:00 )
Июл 26, 2020 11:32 Asia/Dushanbe

Нақши барҷастаи Анубонинӣ, подшоҳи қавми Лулубӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор сол пеш дар кӯҳистонҳои ғарбии Эрони имрӯз мезистанд, аз муҳимтарин ёдгорҳои таърихии Эрон аст.

Ин нақш ва катибаи он бар сахрае дар шаҳри Сарипулизаҳоб дар вилояти Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон кандакорӣ шудааст. Дар катиба омада, ки ҳаркас онро нобуд кунад ба нафрин ва лаънати худоён гирифтор шавад ва насли ӯ бар бод равад.