Сунагуи Ҳамос: Фаластиниён ҷинояти урдугоҳи Нуришамсро бепосух нахоҳад гузошт
Ҳозим Қосим сухангуи ҷунбиши ҳамос эълом кард: Ҷиноятҳои субҳи имрузи режими саҳюнистӣ дар урдугоҳи Нуришамс дар Тулкурмро мардуми Фаластин ва муқовимати Фаластин бепосух нахоҳад гуфзошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар асари ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар урдугоҳи Нуришамс дар Тулекурм ду шаҳрванди фаластинӣ бо номҳои Ҳамза Хурюш ва Сомир Алшофеъи пас аз даргирии мусаллаҳона бо низомиёни саҳюнист ба дараҷаи рафиъи шаҳодат ноил шуданд.
Ҳозим Қосим гуфт: Режими саҳюнистӣ ба сиёсатҳои нажодпарасти ва фашисти ва мунфаҷир кардани вазъият дар минтақа бо идомаи таҷовузгариҳо зидди сарзамин, мардум ва муқаддасот исрор дорад ва ин ҷиноятҳо мавҷи фазояндаи инқилоберо, ки дар Каронаи Бохтари руди Урдун оғоз шуда аст натанҳо мутавақиф намекунад балки боиси шуълавартар шудани он хоҳад шуд.
Қосим афзуд режими саҳюнистӣ ба иқдомоти террористӣ зидди миллати Фаластин аз тариқи такрор ва истимрори таҷовузгариҳояш аз ҷумла террори ҷавонони фаластинӣ дар Каронаи Бохтари руди Урдун идома медиҳад.