Таъкиди Бенни Гантз бар сарнагунии кобинаи Натаняҳу
(last modified Tue, 23 May 2023 12:02:34 GMT )
Май 23, 2023 17:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Бенни Гантз бар сарнагунии кобинаи Натаняҳу
    Таъкиди Бенни Гантз бар сарнагунии кобинаи Натаняҳу

Вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ рузи душанбе дар суханони бо ҳамлаи муҷадад ба нахуствазири ин режим бар зарурияти сарнагунии ин кобина ва ҷойгузин кардани кобинаи ҷадиди он таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бенни Гантз вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ва аз раҳбарони эътилофи апазитсияи ин режим дар твите дар ин бора навишт: Дар шароите, ки дар он қарор дорем абтидо бояд аз Исроил ва низоми ҳуқуқи ва қазоӣ он муҳофизат кунем ва аз шикофи миёни мардум ва осеб ба иқтисод ва амният пешгири кунем.

Гантз гуфт: Бояд ба ҳар қимати монеъ аз сиёси кардани системаи қазоӣ Исроил шавем ва ман муътақид ҳастам, ки ин кобинаи бадро бояд тағир диҳем.

Идомаи эътирозот зидди тарҳи ислоҳоти қазоӣ Натаняҳу вайро маҷбур кард, ки ин тарҳро ба сурати мувақат таълиқ кунад.

Дар тарҳки кобинаи Натаняҳу мавсум ба ислоҳи қонуни қазоӣ аз ихтиёроти дастгоҳи қазо кам шуда ва дар муқобил қудрат ва ҷойгоҳи қуваи иҷрокунанда ва қонунгузор дар ин режим тақвият хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки кобинаи Натаняҳу лойҳаи тағири қазоиро барои ором кардани вазъият ором гузошта аст тасвиби лойҳаи будҷа ба буҳрони ҷадиди барои режими саҳюнистӣ табдил шуда ва ҳар кадом аз ҳизбҳои сиёсӣ ва гуруҳҳои ислоилӣ хоҳони тасвиби он ба нафъи худ ҳастанд.

Будҷети режими саҳюнистӣ дар ҳоле дар парлумон расидаги мешавад, ки агар давлат натавонад онро ба тасвиб бирасонад ба таври худкори ба инҳилоли кобина ва баргузории интихоботи зудҳангом мунҷар хоҳад шуд.