Созмони Миллал хостори муҷозоти омилони шаҳодати кӯдаки 2 солаи фаластинӣ шуд
Тур Уинсленд,ҳамоҳангкунандаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар раванди сулҳи ғарби Осиё хостори муҷозоти мақомоти режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Муҳаммад Алтамимӣ кӯдаки 2 солаи фаластинӣ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Уинсленд дар тветте бо маҳкум кардани иқдоми ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист дар ба шаҳодат расондани Муҳаммад Алтамимӣ навишт : Ғайринизомиёни бавижа кӯдакон ҳамчунон ҳазинаи даргирии исроилиҳоро мепардозанд .
Муҳаммад Ҳисом Алтамимӣ кӯдаки дусолаи фаластинӣ, ки ду рӯзи пеш дар ҷараёни юриши саҳюнистҳо ба зарби гулӯлаи аносири саҳюнистӣ ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд, рӯзи душанбе ба шаҳодат расид.
Ин кӯдаки фаластинӣ аз аҳолии рӯстои « Набӣ Солеҳ » дар Ромуллоҳ буд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои режими саҳюнистӣ душанбешаб эълом карданд, ки бар асари амалиёти зергирӣ бо худрав дар ҷануби Ноблус 2 низомии саҳюнист захмӣ шуданд.
Гуфта мешавад ин иқдом дар вокуниш ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани як кӯдаки 2 солаи фаластинӣ сурат гирифтааст .
Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф мардуми мазлӯми Фаластинро шаҳид, маҷрӯҳ ва ё боздошт мекунанд ; фаластиниён низ дар посух ба ин ҷиноёт амалиёти зиддисаҳюнистӣ анҷом медиҳанд .
Бештар бихонед :