Июл 09, 2023 14:12 Asia/Dushanbe
  • Баргузории бистуҳафтумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғоли
    Баргузории бистуҳафтумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғоли

Сокинони сарзаминҳои ишғолӣ рузи шанбе барои бистуҳафтумин ҳафтаи пай дар пай зидди Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тарҳи ислоҳоти қазоӣ вай тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, илова бар Тел-Авив манотиқи Кафор, Собо, Беэр Шева, Нетания, Гертслия, Ҳайфо ва  Реховот низ саҳнаи эътирозот зидди Натаняҳу ва кобинаи режими саҳюнистӣ аст.

Дар тарҳи кобинаи Натаняҳу мавсум ба ислоҳоти қонуни қазоӣ аз ихтиёроти дастгоҳи қазои коста ва дар муқобил қудрат ва ҷойгоҳи дастгоҳи иҷроӣ ва қонунгузори дар ин режим тақвият хоҳад шуд.

Тасвиби ин тарҳ тавассути Натаняҳу ба ақиб афтод аммо муътаризон таъкид бар лағви комили ин тарҳ доранд.

Барчасп