Ҳушдори мавҷи гармо дар минтақаи ғарби Осиё
(last modified Sat, 15 Jul 2023 05:33:48 GMT )
Июл 15, 2023 10:33 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи гармои шадид метавонад таҳдиде барои ҷони афрод бошад
    Мавҷи гармои шадид метавонад таҳдиде барои ҷони афрод бошад

Коршиносон дар бораи мавҷи гармои шадид дар кишварҳои минтақа ( ғарби Осиё ) дар чанд рӯзи оянда ҳушдор доданд .

Ба гузоришаши шабакаи туркияии " ТРТ ", ҳафт кишвари арабӣ дар чанд рӯзи оянда шоҳиди падидае ба номи « гунбади ҳароратӣ » хоҳанд буд, ки мавҷи гармои шадидро ба ҳамроҳ дорад ва метавонад таҳдиде барои ҷони афрод бошад.
Коршиносони ҳавошиносӣ пешбинӣ карданд гармои ҳаво дар Миср, Ироқ, Арабистон, Сурия, Лубнон, Фаластин ва Урдун ба беш аз 50 дараҷа хоҳад расид.
Тибқи ин гузориш ин падида мумкин аст ду то ҳафт рӯз идома пайдо кунад ва таҳдиде барои саломати инсонҳо ба вижа солмандон аст.
Маргбортарин мавҷи гармо дар соли 2003 дар Аврупо буд, ки боиси марги 30 ҳазор нафар шуд .

Бештар бихонед :