Август 08, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи унсурҳои ДИИШ ба артиш дар шимоли Сурия
    Ҳамлаи унсурҳои ДИИШ ба артиш дар шимоли Сурия

Унсурҳои террористии ДИИШ дар ҳамлаи ғолфилгирона мавозеъи артиши Сурияро дар шимоли ин кишвар ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ҳамлаи ғолфилгиронаи гуруҳи террористии ДИИШ ба устони Рақа шимоли Сурия 10 низомии сури кушта шуданд.

Сомонаи нозири ҳуқуқи башари Сурия дар гузориши худ ҳамлаи гуруҳи террористии ДИИШ ба мавозеъи артиши Сурияро шадид ва ғофилгирона тавсиф кард ва дар айниҳол навиш: Ин ҳамла дар минтақаи Маъдон Атиқ дар шарқи устони Рақа сурат гирифта аст.

Дар ин гузориш омада аст эъҳтимоли афзоиши теъдоди талафот вуҷуд дорад чаро ки 6 нафари дигар маҷруҳ шуданд ва вазъияти бархе аз онҳо бад тавсиф шуда аст.

Хабаргузории Спутник ҳам ба нақл аз манобеъи амнияти теъдоди кушташудагонро як нафар гузориш кард ва афзуд се низомии дигар маҷруҳ шуданд.

ДИИШ 10 моҳи ҷорӣ дар ҳамлаи террористӣ як корвони нефтии Сурияро дар шимоли ин кишвар ҳадаф қарор дод.

Барчасп