Исо Қосим : Ҳимояти озодагони ҷаҳон аз зиндониёни сиёсии Баҳрайн бояд идома ёбад
(last modified 2023-08-31T12:25:43+00:00 )
Август 31, 2023 17:25 Asia/Dushanbe
  • Исо Қосим : Ҳимояти озодагони ҷаҳон аз зиндониёни сиёсии Баҳрайн бояд идома ёбад

Раҳбари маънавии инқилоби Баҳрайн дар вокуниш ба идомаи гуруснашинии зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар, бар зарурати идомаи ҳимоятҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аз зиндониёни сиёсии ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Исо Қосим, раҳбари маънавии инқилоби Баҳрайн афзуд : Мардуми Баҳрайн наметавонанд аз масъалаи фарзандони дар банди худ чашмпушӣ кунанд, зеро дин, инсоният ва ғайрати ин мардум ба онон мегуяд, ки дар муқобили зулм ва золим биистанд ва ёвари ситамдида бошанд.
Шайх Исо Қосим афзуд : Фарёдҳои виҷдони бедори ҷаҳонӣ ва густариши доираи он кумак мекунад, то ин зиндониёни бегуноҳ аз мусибату таҳдиди ҳамешагӣ ба маргу беморӣ ва нотавониҳои ҷиддӣ раҳоӣ ёбанд.
 

 

Барчасп