Амирабдуллоҳиён : Ташкили утоқи муштараки Ҳамосу Ҷиҳод, нишондиҳандаи ҳаракати ҳӯшмандонаи муқовимат аст
Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо сарони гуруҳҳои ҷиҳодии фаластинӣ дар Лубнон таъкид кард : Ташкили утоқи муштараки Ҳамосу Ҷиҳод, нишондиҳандаи ҳаракати ҳӯшмандонаи муқовимат аст.
Нишасти муштараки се ҷонибаи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон бо Зиёд Нхола-дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва Солеҳ Алорурӣ- ноиби раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин " Ҳамос " дар Бейрут баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст охирин таҳаввулоти Фаластин ва ҷабҳаи муқовимат мавриди гуфтугу ва табодули назар қарор гирифт.
Амирабдуллоҳиён барои дидору ройзанӣ бо мақомоти лубнонӣ ба Берут рафтааст.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин нишаст муқовимату муборизоти раҳоибахши миллати Фаластинро сиёсатии тағйирнопазир ва ҷавҳараи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон хонд ва бар зарурати ваҳдати амали тамоми миллату гуруҳҳои фаластинӣ барои таъмини ҳуқуқи комили миллати Фаластин таъкид кард.
Амирабдуллоҳиён дар идомаи ин нишаст гуфт : Дар раванди муборизоти раҳоибахши миллати Фаластин алайҳи ишғолгарии саҳюнистӣ нақши Ҳамосу Ҷиҳод ва талошҳои ваҳдатбахши онон бисёр таъйинкунанда буд.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин дидор бар таъмини ҳуқуқи комили миллати Фаластин ва ташкили давлати воҳиди фаластинӣ дар саросари Фаластини торихӣ ба пойтахтии Қудси шариф таъкид кард .