Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар даргирӣ бо низомиёни саҳюнист
(last modified Sat, 09 Sep 2023 06:07:52 GMT )
Сентябр 09, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  •  Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар даргирӣ бо низомиёни саҳюнист

Низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба тазоҳуроти фаластиниён алайҳи ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи бохтарӣ даҳҳо нафарро захмӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни саҳюнистӣ ҷумъашаб бо ҳамла ба муътаризони фаластинӣ дар маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ, воқеъ дар Қудси ишғолӣ ба самти муътаризон гази ашковар ва бомбаҳои савтӣ партоб карданд, ки бар асари он даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Аз сӯи дигар фаластиниён дар минтақаи Кафар Қудум, воқеъ дар шарқи Қалқалия низ дар эътироз ба шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.
Дар паи юриши низомиёни саҳюнист ба тазоҳуркунандагон се фаластинӣ ба зарби гулӯла захмӣ ва даҳҳо нафар низ бар асари истиншоқи гази ашковар осеб диданд.
Шарқи Ноблус низ шоҳиди баргузории тазоҳуроти мушобеҳе буд, ки низомиёни саҳюнист ба ин таҷаммуъоти эътирозӣ низ ҳамла ва шумореро дар ин тазоҳурот захмӣ карданд.