Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба фаластиниён 17 захмӣ барҷо гузошт
Ҳилоли Аҳмари Фаластин шомгоҳи сешанбе эълом кард, ки дар ҳамлаи низомиёни ишғолгари саҳюнист ба Каронаи Бохтарии руди Урдун , 17 фаластинӣ захмӣ ё бар асари истиншоқи гази ашковар дучори хафагӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин афроди захмӣ, ки ҳар лаҳзаи эҳтимоли афзоиши теъдоди онҳо низ вуҷӯд дорад, дар рӯстои Барқа дар шимоли ғарби Наблус ҳадафи гулӯлаи саҳюнистҳо қарор гирифта ва захмӣ шуданд.
Аз сӯи дигар манобеи маҳаллии фаластинӣ аз идомаи тааррузи шаҳракнишинҳои яҳудӣ ба Масҷидулақсо қарор доданд.
Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки аз субҳи рӯзи сешанбе 820 шаҳракнишини ишғолгари саҳюнист ба баҳонаи чаҳорумин рӯзи иди яҳудии "арш" таҳти ҳимояти низомиёни саҳюнист ба Масҷидулақсо таарруз карданд.