Октябр 12, 2023 16:31 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Араб : Исроил муҳосираи Ғаззаро лағв кунад

Иттиҳодияи Араб бо баргузории нишасте идомаи иқдомоти ғайриинсонии режими саҳюнистӣ бо муҳосираи комили навори Ғазза ва куштани ғайринизомиёни фаластинӣ тавассути режими саҳюнистиро маҳкум кард.

Ба гузориши шабакаи Аларабияттиҳодияи Араб имрӯз панҷшанбе дар нишасти изтирорӣ, ки бо мушорикати вазирони хориҷаи кишварҳои узв дар мақари ин иттиҳодия дар Қоҳира баргузор шуда, бар зарурати рафъи муҳосираи навори Ғазза ва иҷозаи фаврии расондани кумакҳои башардӯстона ва ғизову сӯхт ба ин борика ва аз ҷумла аз тариқи ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳид таъкид карданд.
Ҳозирон дар ин нишаст ҳамчунин хостори лағви тасмимоти золимонаи режими саҳюнистӣ бо қатъи ҷараёни барқу об дар навори Ғазза шуданд .

 

Барчасп