Шумори шаҳидони борикаи Ғазза ба беш аз 3 ҳазору панҷсад нафар расид
(last modified 2023-10-19T12:02:02+00:00 )
Октябр 19, 2023 17:02 Asia/Dushanbe
  • Шумори шаҳидони борикаи Ғазза ба беш аз 3 ҳазору панҷсад нафар расид

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард дар паи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза то кунун беш аз 3 ҳазору 500 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 13 ҳазор нафар дигар маҷрӯҳ шуданд.

Неруҳои муқовимати Фаластин дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо аз рӯзи шанбеи 7 октябри 2023 амалиёти ҳамаҷониба ва беназире бо номи « Тӯфони алқсо »-ро аз Ғазза ( ҷануби Фаластин ) алайҳи мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд .
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА,Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард аз ибтидои таҷовузи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ки 13 рӯз аз он гузаштааст,камаш 3 ҳазору 785 фаластинӣ дар ин минтақа шаҳид ва беш аз 13 ҳазор нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.
Вазорати беҳдошти Фаластин афзуд режими саҳюнистӣ то кунун дар мавриди тахлияи 24 бемористон дар Ғазза аз ҷумла бемористони « Ашшифо » ҳушдор додааст.

 

Барчасп