Таъкиди Ардуғон бар таваққуфи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза
(last modified Sun, 29 Oct 2023 05:07:31 GMT )
Октябр 29, 2023 10:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ардуғон бар таваққуфи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза

Раиси ҷумҳури Туркия бар таваққуфи ҳарчи зудтари ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳури Туркия рӯзи шанбе ҳушдор дод, режими саҳюнистӣ даст аз ҷунун бардорад ва қатли оми мардуми Ғаззаро фавран мутаваққиф кунад.

 Ардуғон бо ишора ба ҳамлаҳои шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза афзуд, Шаби гузаштаи Исроил бо гулӯлаборони мудовим ва ҳамлаҳои ҳавоӣ бори дигар бо ҳадаф гирифтани кӯдакону занон мӯҷиби ташдиди буҳрони инсонӣ дар Ғазза шудааст.

Раиси ҷумҳури Туркия зимни таъкид бар инки режими Исроил бидуни ҳимояти кишварҳои ғарбӣ се рӯз ҳам давом намеовард, гуфт кишварҳои ғарбӣ ба дурӯғ барои Украина ашк мерихтанд ва акнун дастонашон ба хуни мардуми Ғазза олуда аст ва бемуҳобо аз ин режим дифоъ мекунанд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон бори дигар хотирнишон кард, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гурӯҳи террористӣ нест ва ин режими Исроил аст, ки аз террористҳо дар Сурия ва Ироқ ҳимоят мекунад.

Барномаҳои таблиғотии раиси ҷумҳури Туркия дар бораи Фаластин дар ҳоле баргузор мишавад, ки давлати Ардуғон ҳамчунон равобити иқтисодӣ ва амнияти худро бо режими саҳюнистӣ ҳифз кардааст.