Афсарони артиши режими саҳюнистӣ изъон карданд: Фикр намекардем фаластиниҳо ин гуна мубориза кунанд
(last modified 2023-11-06T14:19:16+00:00 )
Ноябр 06, 2023 19:19 Asia/Dushanbe
  • Афсарони артиши режими саҳюнистӣ изъон карданд: Фикр намекардем фаластиниҳо ин гуна мубориза кунанд

Афсарони артиши режими саҳюнистӣ ба тавонмандии бисёр зиёди разму набарди нерӯҳои Ҳамос дар ҳамлаи заминии артиши ин режим ба Ғазза изъон карданд.

Ба гузориши Фаластин Ал Явм, рӯзномаи саҳюнистии «Маарив» дар гузорише навишт: “афсарони артиши Исроил изъон доранд, ки тавонмандии набарду разми нерӯҳои Ҳамос болотар аз чизе аст, ки пештар дида буданд ва пешбинӣ мекарданд”.

Дар идомаи ин гузориш ба нақл аз афсарони артиши режими саҳюнистӣ омадааст: “шароити кунӯнии гурӯҳҳои фаластинӣ дар Навори Ғазза бисёр дур аз нуқтаи фурӯпошӣ аст ва гурӯҳҳои фаластинӣ ба хубӣ худро барои ин набарди заминӣ омода кардаанд.”

Ин рӯзнома дар идома навишт: “баррасиҳо нишон медиҳад, ки муқовимати гурӯҳҳои фаластинӣ бо афзоиши пешравиҳои низомиёни исроилӣ дар Ғазза ташдид мешавад”.

Ҳимояти Ғарб аз режими Исроил ба баҳонаи дифо аз худ, амалан чароғи сабзу муҷаввизе барои ин режим дар идомаи куштори бераҳмонаи кӯдакон ва занони фаластинӣ будааст.

 

Барчасп