Шаҳодати 296 нафар аз кадри пизишкӣ дар Ғазза аз оғози ҷанг
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i109874-Шаҳодати_296_нафар_аз_кадри_пизишкӣ_дар_Ғазза_аз_оғози_ҷанг
Аз оғози ҷанг дар Ғазза ، 296 нафар аз кадри дармону пизишкӣ дар ҳамалоти ишғолгарони исроиилӣ шаҳид шуданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 11, 2023 12:04 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 296 нафар аз кадри пизишкӣ дар Ғазза аз оғози ҷанг
    Шаҳодати 296 нафар аз кадри пизишкӣ дар Ғазза аз оғози ҷанг

Аз оғози ҷанг дар Ғазза ، 296 нафар аз кадри дармону пизишкӣ дар ҳамалоти ишғолгарони исроиилӣ шаҳид шуданд .

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин , вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза эълом кард : Аз оғози ҷанг дар ин Борика аз ҳафтуми октябри 296 нафар аз кадри дармону пизишкӣ дар ҳамалоти ишғолгарони исроилӣ шаҳид ва садҳо нафари дигари ҳам захмӣ шуданд.

Ин Вазоратхона афзуд : Ҳанӯз ҳам 36 нафар аз кадри пизишкӣ аз ҷумла доктор Муҳаммад абу Салима мудири кулли бемористони Шифо дар шароити ғайри инсонӣ дар асорати саҳюнистҳо ҳастанд .

Вазорати беҳдошти Ғазза аз тимҳои пизишкӣ дар сартосари ҷаҳони хост барои имдодрасонӣ ба маҷрӯҳон ва  наҷоти ҷони онҳо худро ба Ғазза бирасонанд .

Ҳайати умӯри усаро ва  бошгоҳи асири Фаластин низ эълом кард : Режими саҳюнистӣ 142 зани фаластинии сокини Ғазза ва чанд кӯдаки ширхораро ба асорат гирифтааст .

Бар асоси эъломи Ашраф-Ал-Қадра сухангӯии Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза ، дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябр то кунӯн наздик ба 18 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 49 ҳазор ва 229 нафари захмӣ шудаанд .

Бештар бихонед: