Афзоиши омори худкушӣ байни низомиёни исроилӣ
Равонпизишкони исроилӣ аз афзоиши миёнгини худкушӣ дар миёни шаҳракнишинону низомиёни артиш аз оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо” хабар доданд.
Ба гузориши пойгоҳи ибризабони “Нюс Исроил”, мутахассисони саломати равон аз кумитаи беҳдошти Кнессет хостанд то буҷети лозимро барои кумак ба касоне ки дар ҳаводиси ҷанги октябр зиндагӣ кардаанд, таъмин намоянд. Зеро миёнгини худкушӣ дар миёни онҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.
Тасфия Слигман, раиси маркази равонпизишкии Лутем гуфт, бисёре аз мардум ба таври ғайриодӣ тамоюл ба худкушӣ доранд ва ин шароит мавориди иқдом ба худкуширо афзоиш додааст.
Чанде қабл шабакаи саҳюнистии Кан эътироф карда буд, беш аз ду ҳазор низомӣ дар ҷанги заминӣ зидди борикаи Ғазза ба далели мушкилоти рӯҳиву равонӣ маҷбур ба муроҷиа ба равонпизишкӣ шудаанд.
Худкушии низомиёни саҳюнист, ки дучори ихтилолоти равонӣ ҳастанд, ба як падидаи шойеъ табдил шудаву борҳо расонаҳои саҳюнистӣ аз худсӯзӣ, ба дор овехтан ва шиллики гулӯла ба худ тавассути неруҳои низомӣ хабар додаанд.
Агарчӣ режими саҳюнистӣ аз барӯзрасонии омори худкушиҳо дар миёни низомиёни худ дар пайи амалиёти "Тӯфони Алақсо" худдорӣ кардааст, аммо баррасиҳои пешин нишон медиҳад, ки худкушӣ дар миёни низомиёни саҳюнист дар соли 2022 рушди қобили мулоҳизае дошта ва нахустин омили маргу мир дар миёни ин афрод будааст.
Бо вуҷуди омори нигаронкунандаи марбут ба худкушӣ дар артиши режими саҳюнистӣ тайи ду даҳаи гузашта, буҷету талошҳо дар чорчӯби дармони масоили марбута коҳиш ёфтааст.