Январ 19, 2024 20:19 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи иддаоии худ даст наёфтааст
    Режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи иддаоии худ даст наёфтааст

Нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ бо эътироф ба нотавонии ин режим дар ҳамла ба борикаи Ғазза гуфт: Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) шикаст нахурдааст.

Беш аз сад рӯз аст, ки аз ҳамалоти ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза мегузарад ва шумори шуҳадои фаластинӣ ба беш аз 24 ҳазор нафар расидааст.

Режими саҳюнистӣ барои аввалин бор дар тӯли умри 75 солаи таъсиси ҷаълии худ заработи саҳмгине аз гуруҳҳои муқовимати исломӣ дарёфт карда ва дар айни ҳол ба ҳеҷ як аз аҳдофи иддаоии худ даст наёфтааст.

Ба гузориши ИРНА, Иҳуд Барак, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ бо ёдоварии нокомии артиши режими Исроил тасреҳ кард: Ҳамос шикаст нахурдаву шонси бозгардондани асирон низ рӯ ба коҳиш аст.

Буҳрони режими саҳюнистӣ ва талош барои истезоҳи Натанёҳу

Ҳамчунин бо ташдиди ихтилофот байни мақомоти саҳюнист дар бораи мудирияти паёмадҳои ҷанги зидди Ғазза ва нокомӣ дар дастёбӣ ба аҳдофи таъйиншуда, Яир Лапид, раиси оппозитсияи режими саҳюнистӣ эълом кард, ки Бенёмин Натанёҳу салоҳияти раёсати кабина ва нахуствазириро надорад.

Ҳизби кори режими саҳюнистӣ пас аз таҳияи тарҳе барои бозпурсии нахуствазири ин режим, ҳамроҳи тамомии намояндагони Кнессет (порлумон) ба иҷро гузоштани ин тарҳро хостор шуд.

Ба гузориши шабакаи 12 режими саҳюнистӣ, Ҳизби кори режими саҳюнистӣ дар баёнияе аз ҳамаи фраксияҳои Кнессет (порлумон) хост, ба салби эътимод аз бадтарин кабинаи таърихи Исроил раъй диҳанд.

Дар ин баёния омадааст: Иллати ин иқдом он аст, ки кабинаи Натанёҳу асирони исроилии назди муқовимати Фаластинро авлавияти худ қарор надода ва танҳо ба манофеи фосиди худ аҳамият медиҳад.

Барчасп