Феврал 16, 2024 21:11 Asia/Dushanbe
  • 99 хабарнигор дар соли 2023 дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд
    99 хабарнигор дар соли 2023 дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд

Бар асоси гузориши солонаи Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон, 75 дарсади хабарнигороне, ки соли гузашта дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, фаластинӣ буда ва дар ҷанги Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Ба гузориши “Алҷазира”, бар асоси гузориши солонаи Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон (CPJ), ҳафтоду ду нафар аз 99 хабарнигоре, ки дар соли 2023 дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, фаластиниҳое буданд, ки аз ҷанги Ғазза гузориш таҳия мекарданд.

Дар ҳамин росто, Ҷуди Гинзберг, раиси Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон бо баёни инки ҷанги Ғазза аз назари таҳдиди хабарнигорон бесобиқа будааст, ба маҳдудияти вуруд ба Ғазза ишора карду гуфт: Хабарнигорони байналмилалӣ натавонистаанд вориди Ғазза шаванд, ба онҳо иҷозаи вуруд дода нашуда, магар дар сафарҳои бисёр контролшудае, ки таҳти назорати артиши Исроил будааст.

Авоили феврали имсол Созмони озодии матбуот теъдоди кулли хабарнигороне, ки дар ҷанги Ғазза ба шаҳодат расидаандро 85 нафар эълом кард. Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2022 теъдоди кулли хабарнигороне, ки дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, 57 нафар ва дар соли 2021 чиҳилу шаш нафар буд.

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри соли 2023 то кунун иқдом ба наслкушӣ дар борикаи Ғазза карда ва барои ҷилавгирӣ аз пӯшиши хабарии ҷиноёти худ, сохтмонҳои расонаҳо ва ҳамчунин хабарнигорон, ки либоси мушаххас дорандро ҳадаф қарор медиҳад.

 

Барчасп