Бошгоҳи “Аш-Шабоб” аз Роналдо шикоят мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i112174-Бошгоҳи_Аш_Шабоб_аз_Роналдо_шикоят_мекунад
Масъулони бошгоҳи “Аш-Шабоб”-и Арабистон эълом карданд, ба далоили рафтори номуносиби Роналдо бо ҳаводорони ин тим, ба кумитаи инзиботӣ шикоят мекунанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 26, 2024 19:36 Asia/Dushanbe
  • Роналдо бо ҳаводорони ин тим рафтори муносибе надоштааст
    Роналдо бо ҳаводорони ин тим рафтори муносибе надоштааст

Масъулони бошгоҳи “Аш-Шабоб”-и Арабистон эълом карданд, ба далоили рафтори номуносиби Роналдо бо ҳаводорони ин тим, ба кумитаи инзиботӣ шикоят мекунанд.

Ба гузориши хабарнигори гуруҳи варзишии Хабаргузории садо ва симо, тими футболи “Ан-Наср” -и Арабистон дар ҳузури Роналдо муқобили тими “Аш-Шабоб” бо натиҷаи 3 бар 2 шикаст хӯрд ва дар ин дидор Роналдо ва Толиско барои “Ан-Наср” голзанӣ карданд, аммо дар ниҳоят ин тими “Аш-Шабоб” буд, ки дар варзишгоҳи ҷадидаш муваффақ шуд бозиро 3 бар 2 пирӯз шавад.

Масъулони бошгоҳи “Аш-Шабоб”-и Арабистон пас аз ин дидор муддаӣ шуданд, Роналдо бо ҳаводорони ин тим рафтори муносибе надоштааст ва қасд доранд аз ин бозикун ба кумитаи инзиботӣ шикоят кунанд.

Роналдо дар рӯзҳои ахир дар бештари бозиҳо вокунишҳое ба ҳаводорони ҳариф дорад. Чанде қабл низ ин иттифоқ як бори дигар рух додаву арабистониҳо хоҳони бархӯрди ҷиддӣ бо вай шудаанд.