Тафсир: Даври ҷадиди ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ ва артиши Яман алайҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико
(last modified 2024-03-13T08:14:16+00:00 )
Март 13, 2024 13:14 Asia/Dushanbe
  • афсир: Даври ҷадиди ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ ва артиши Яман алайҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико
    афсир: Даври ҷадиди ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ ва артиши Яман алайҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико

Гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ ва артиши Яман ҳамзамон дар сарзаминҳои ишғолӣ ва дарёи Сурх алайҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико амалиёти худро анҷом доданд.

Муқовимати исломии Ироқ , дар баёнияе эълом кард бомдоди рӯзи сешанбеи 12 март дар чаҳорчӯби марҳалаи дувуми амалиёти муқовимат дар баробари ишғолгарӣ, ёрӣ ба мардуми Ғазза ва дар вокуниш ба кушторҳои режими саҳюнистӣ бо паҳподи фурудгоҳи Бен Грион дар умқи сарзаминҳои ишғолиро бо паҳпод мавриди ҳадаф қарор додааст .

Муқовимати исломии Ироқ пештар низ эълом карда буд ки як мақари низомии режими саҳюнистиро дар фурудгоҳи“ Рош Пина “ воқеъ дар минтақаи Алҷалил , ҳадаф қарор додааст .

Сартип « Яҳё Сариъ » сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман , низ гуфт :  Артиши ин кишвар як киштии Амрикоиро дар дарёии Сурх ҳадаф қарор додааст. Сухангӯи артиши Яман таъкид кард : То поёни ҳамла ва  муҳосираи Ғазза ба ҷилавгирӣ аз рафт ва омади киштиҳо ба самти банодири Фаластини ишғолӣ идома хоҳем дод . Артиши Яман , пештар низ эълом карда буд ба киштиҳое. ки аз дарёи Сурх ба самти сарзаминҳои ишғолӣ мераванд иҷоза ҳаракат нахоҳанд дод .

Шабеҳсозии артиши Яман барои ҳамла ба марокизи низомии режими саҳюнистӣ

Шабеҳсозии артиши Яман барои ҳамла ба марокизи низомии режими саҳюнистӣ гурӯҳҳои муқовимат , дар минтақа дар Лубнон , ва Ироқ ҳамчунин артиши Яман аз оғози амалиёти гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ дар 7 октябри 2023 бо ном “ Тӯфони Алақсо “ ба ҳимояти худ аз мардуми Фаластин ва ин гурӯҳҳо идома додаанд.

Гурӯҳҳои муқовимати исломӣ дар Ироқ  ва  Лубнон ҳамвора бар ин мавзӯъ тасреҳ кардаанд, ки дар посӯх ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва дар ҳимоят аз гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ба амалиёти худ идома медиҳанд .

Бо гузашти панҷ моҳ аз амалиёти Тӯфони Алақсо , воқеиятҳои майдонӣ ошкор мекунад, ки режими саҳюнистӣ тавонои муқобилаи бо густардагӣ ва  шиддат ва  асаргузории амалиёти гурӯҳҳои муқовиматро надорад ва дар муқобили ин ҳамалоти ба шиддат осеб пазираст . Густардагӣ ва  умқи амалиёт дар сарзаминҳои ишғолӣ , ҳадафи қарор гирифтани марокизи ҳассоси артиш ва Созмонҳои иттилоотии режими саҳюнистӣ бо таҷҳизоти пешрафта ҳамчунин ҳамалоти ҳамзод ва  ҳамзамон ба мавозиъи мухталиф ва  омодагӣ барои густариши амалиётӣ муҳимтарин вижагиҳои амалиёти гурӯҳҳои муқовимат дар сарзаминҳои ишғолӣ будааст .