Мамониати низомиёни режими Исроил аз вуруди намозгузорони фаластинӣ ба Масҷидулақсо
Низомиёни режими саҳюнистӣ масирҳои мунтаҳӣ ба Масҷидулақсоро барои ҷилавгирӣ аз вуруди намозгузорони фаластинӣ бастанд.
Аммо бо вуҷуди тадобири режими ишғолгари Қудс, даҳҳо ҳазор намозгузори фаластинӣ аз истгоҳи исти бозрасии Қаландиё убур карданд то барои иқомаи нахустин намози ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон вориди Масҷидулақсо шаванд.
Дар ин замина, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) зимни ҳушдор ба режими саҳюнистӣ дар бораи насби мавонеи оҳанӣ дар Масҷидулақсо ва идомаи иқдомоташ зидди ин макони муқаддас таъкид кард, мардуми Фаластин бедор аст ва дар баробари талошҳои режими ишғолгари Қудс сокит нахоҳад монд.
Усома Ҳамдон, аз мақомоти аршади ҷунбиш Ҳамос гуфт, идеяе барои таваққуфи ниҳоии ҳамалоту бозгашти оворагону имдодрасонӣ ба мардум ва табодули асирони фаластинӣ ироа кардаему мухолифати Исроил бо тарҳи мо ба маънои исрори Тел-Авив ба ҳамла ба мардуми Фаластин аст.
Ҳамдон таъкид кард, агар давлати Амрико ҷиддӣ аст, бояд ҳамалоти ишғолгарони Қудсро маҳкум ва ирсоли силоҳ барои онҳоро мутаваққиф кунад, аммо воқеият ин аст, ки давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар рехтани хуни фаластиниҳо шарик аст.