Идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарӣ ва Ғазза
Манобеъи хабарӣ аз ҳамлаи саҳюнистҳо ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғазза хабар доданд.
Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории «Само», беш аз 1500 шаҳракнишин таҳти ҳифозати артиши режими ишғолгар ба рустои «Аламғир» дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳамлавар шуданд ва беш аз 40 хона ва худравро оташ заданд.
Дар пайи ин ҳамалот як фаластинӣ шаҳид ва беш аз 18 фаластинии дигар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол саҳюнистҳо шомгоҳи ҷумъа ба рустои «Абуфалоҳ» дар шимолу шарқи Ромуллоҳ, воқеъ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун юриш бурданд ва ба самти хонаҳо ва худравҳои сокинони русто тирандозӣ карданд.Дар ин ҳамла дастикам 5 фаластинӣ захмӣ шуданд.
Гурдони Тубос вобаста ба гурдонҳои Алқудс, шохаи низомии Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам тасвиреро аз иқдоми размндагони ин гурӯҳ ба иҷрои камин алайҳи низомиёни ишғолгар дар вурудии шаҳри Тубос, дар каронаи бохтарии рӯди Урдун бо безараргардонии як булдозери низомии ишғолгарон бо истифода аз маводи тарканда ва гулӯлаборони шадид ба самти низомиён саҳюнист мунташир кард.
Дар ҳамин ҳол гурдонҳои Алқудс эълом кард муборизони Фаластин дар посух ба ҷиноятҳои режими ишғолгар, шаҳраки саҳюнистнишини «Садирут» ва бахшҳои атрофи борикаи Ғаззаро мушакборон карданд.