Шумори қурбониёни инфиҷори террористӣ дар Эъзози Сурия ба 60 нафар афзоиш ёфт
(last modified 2017-01-08T09:47:39+00:00 )
Январ 08, 2017 14:47 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни инфиҷори террористӣ дар Эъзози Сурия ба 60 нафар афзоиш ёфт

Шумори қурбониёни инфиҷори террористӣ дар шаҳри Эъзоз дар устони Ҳалаби Сурия ба 60 нафар расид.

 Ба гузориши шабакаи расмии телевизиони Сурия, дар инфиҷори рӯзи шанбе худрав бомбагузорӣ шуда, дар маркази шаҳри Эъзози Сурия, даҳҳо нафар низ захмӣ шудаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба вахим будани ҳоли бисёре аз онон, мумкин аст шумори қурбониёни ин инфиҷор афзоиш ёбад.

Аёд Шайх Разуқ, масъули дифои маданӣ дар шаҳри Эъзоз гуфт, инфиҷори террористӣ наздик идодгоҳи марказии ин шаҳр рӯй дод.

Ин инфиҷор дар ҳоле рух дода, ки Сурия аз ҳафтаи гузашта шоҳиди оташбаси фарогир аст.

Шаҳри Эъзоз, ки яке аз аслитарин пойгоҳҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мухолифи давлати Сурия аст, дар соли 2016 чанд бор шоҳиди инфиҷорҳои террористӣ буд, ки ғолибан гурӯҳи террористии ДИИШ онҳоро бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп