Май 27, 2024 21:10 Asia/Dushanbe
  • Ислом Узкон: Раҳбарону бунёнгузорони аввалияи саҳюнизм умдатан атеист буданд
    Ислом Узкон: Раҳбарону бунёнгузорони аввалияи саҳюнизм умдатан атеист буданд

Порстудей. Устоди таърихи донишгоҳҳои Истанбул гуфт: саҳюнистҳо динро истисмор мекунанд.

Устоди таърихи донишгоҳҳои Истанбул гуфт, саҳюнистҳо динро истисмор мекунанд. Онҳо дини Яҳудро баҳона кардаанд. Чаро ки раҳбарону бунёнгузорони аввалияи саҳюнизм умдатан атеист (худонобовар), огнустисист (надонамгаро, навъе шакгаро) ва ё диист (худоингор ё худобоварии дини нобоварона) ҳастанд ва ба ҳеҷ дине муътақид нестанд. Ба иборати дигар, саҳюнизм як идеологияи фашистӣ аст, ки яҳудиятро истисмор кардааст.

Ислом Узкон, устоди таъриху рӯзноманигор дар Истанбули Туркия ахиран дар гуфтугӯ бо хабаргузории Эронии Икна, бо ишора ба аҳамияти Қудсу Фаластин дар таърихи адён гуфтааст: Ошноӣ бо таърихи Қудс бисёр аҳамият дорад ва дар таърихи адёну китобҳои муқаддас ба бахше аз он ишора шудааст. Исроилиҳо бо истинод ба таърихи ду ҳазор соли қабл, худро молики сарзамини Фаластин медонанд. Гарчӣ бархе аз саҳюнистҳои модерн ҳамчунин торихеро қабул надоранду таваллуди режими Исроилро ҳосили ҷиноёт ва ишғолгарӣ медонанд, мутаасифона ҳамин афрод бо вуҷуди эътирофу тасреҳ бар ишғолгарии Исроил, аз тарафе мегӯянд, ки режими Исроил мисли ҳар фарзанди номашруи дигаре ҳаққи ҳаёт дорад ва ба ин тартиб ҳузури режими Исроилро дар минтақа муваҷҷаҳ ҷилва медиҳанд.

Вай афзуд, Фаластин масъалаи динӣ байни мусулмонон ва яҳудиён нест то бихоҳем онро аз назари таърихи адён баррасӣ кунем. Имрӯза Фаластин масъалае сиёсӣ будаву ишғоли як хоку ғасби сарзамин аст. Гарчӣ ишғолгарон талош доранд онро масъалае динӣ таъриф кунанду Фаластинро сарзамини мавъудӣ бидонанд, ки Худованд ба яҳудиён ваъда додааст.

Ислом Узкон дар посух ба ин суол, ки «масъалаи Фаластинро аз манзари ҳуқуқу адолати инсонӣ чӣ гуна бояд таҳлил ва таъриф кард» афзуд: Аз назари ҳуқуқӣ, сарзамини Фаластин ба ноҳақ ишғол шудааст. Аз назари адолати инсонӣ низ сокинони аввалияи Фаластин ҳаққи ҳаёти худ дар он сарзаминро аз даст додаанду ишғолгарон сарзамини онҳоро ватани худ эълом кардаанд ва ин хилофи адолати инсонӣ аст.

Вай афзуд, ҳатто агар бихоҳем инсонитар ба қазия нигоҳ кунем, бояд бигӯем, ки иддаои мо ин нест, ки Қудс аз они мусулмонон аст, балки мегӯем, ки Қудс аз они фаластиниҳост, иборат аз мусулмон, яҳудӣ ё масеҳӣ бошанд ва беҳтар аст бигӯем, ки Қудс аз они инсонҳост. Агар имрӯза ишғолгарон аз ин сарзамини ғасбшуда берун бираванд, мисли давраи Усмонӣ, яҳудиён низ ҳаққи ҳаёт дар Қудсро хоҳанд дошт ва ҳар дине метавонад ибодоти худро мутобиқи ойини худ ба ҷой оварад. Ҳамин тавр масеҳиён низ озодона ба ибодоти худ хоҳанд пардохт. Чунонки Ҳамос низ вақте дар бораи Фаластин ҳарф мезанад, мегӯяд: «Қудс аз они мост, калисоҳо, канисаҳо ва масоҷиди он барои мо ҳастанд». Қудс фақат ба мусулмонон ихтисос надорад. Қудс аз они фаластиниҳост, аъам аз ин ки мусулмон, яҳудӣ ва масеҳӣ бошанд. Мо ҳар вақт Фаластинро озод кардем, адён хоҳанд тавонист дар он ҷо ба роҳатӣ ба аъмоли динии худ бипардозанд ва ҳеҷ кас дар озодии динӣ ва имонии онҳо ҳаққи мудохила нахоҳад дошт.

Ин таҳлилгари турк гуфт: Ба иборати дигар Фаластин масъалае аст, ки ҳар кас, ки афкори озодихоҳона ва инсонӣ дошта бошад, бадон аҳамият медиҳад.

Вай бо ишора ба дидгоҳи саҳюнистҳо дар бораи дини яҳуд гуфт: Беҳтарин посухе ки метавонам ба ин суол бидиҳам, ин аст, ки дар ҳақиқат саҳюнистҳо динро истисмор мекунанд. Онҳо дини Яҳудро баҳона кардаанд. Чаро ки раҳбарону бунёнгузорони аввалияи саҳюнизм умдатан атеист, огнустисист ва ё диист ҳастанд ва ба ҳеҷ дине муътақид нестанд. Саҳюнистҳо имрӯза бо вуҷуди секулор буданашон дар ҳарфҳояшон доиман оёте аз Тавротро ба кор мебаранд ва ё ба Талмуд ирҷоъ медиҳанд, ки ба маънии дурӯӣ ва сӯиистифодаи саҳюнистҳо аз ақоиди мазҳабии яҳудиён аст. Онҳо ба дунболи ҳокимияти нажодӣ ҳастанд. Ба иборати дигар, саҳюнизм як идеологияи фашистӣ аст, ки яҳудиятро истисмор кардааст.

Ислом Узкон дар посух ба суоли Икна дар бораи нигоҳи Қуръони Карим ба яҳудиён ҳам гуфт: Қуръон яҳудиёнро ба хотири нажодашон маҳкум намекунад, балки хуруҷашон аз шариату фасод дар рӯи заминро омили накӯҳиши онҳо медонад. Ҳатто ҷолиб аст, ки бидонем, дар ояи 47 ва 122 –и сураи Бақара мефармояд: «Ё бани Исроилазкуру ниъматияллати анъамта алайкум ва анни фаззалтукум ъалал оламин».  Дар ин оя Худои мутаъол аз бани Исроил хостори ёдоварии неъматҳое мешавад, ки ба онҳо ато фармудааст ва дар оёти мухталифе ба баёни гӯшаҳое аз ин неъматҳо пардохтаву баёнгари бартарии бани Исроил ва яҳудиён бар ҷаҳониён аст, аммо ин бартарӣ марбут ба замоне аст, ки аҳбору руҳбон дин (аҳбораҳум ва руҳбонаҳум /31-Тавба) - ро таҳриф накардаву қавоиди ахлоқиро нодида намегирифтанд. Чаро ки Қуръон дар ояи 65 сураи Бақара дар ҳаққи онҳо мефармояд: «Фақулно лаҳум куну қирадатан хосиин», бинобарин на таърифи Қуръон аз яҳудиён ва на накӯҳиш аз онҳо ба хотири нажоди онҳо нест, балки ба хотири аъмолу рафторҳояшон аст.

 

Барчасп