Вуруди тонкҳои артиши режими ишғолгари Исроил ба маркази Рафаҳ
Тонкҳои артиши режими наслкуши Исроил вориди маркази Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғазза шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Исна, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ чанд тонки режими ишғолгари Исроил рӯзи сешанбе вориди маркази Рафаҳ шуданд ва наздики масҷиди Алъуда, аз маконҳои торихии ин минтақа мустақар шуданд.
Ҳамчунин шашумин типи артиши Исроил рӯзи душанбе ба шаҳри Рафаҳ ҳамла кард.
Девони Байналмилалии Додгустарӣ рӯзи ҷумъа (24 май) ҳукми таваққуфи фаврии амалиёти низомии режими ҷаълии саҳюнистӣ дар Рафаҳро содир карду бозкушоии гузаргоҳи Рафаҳро барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза хостор шуд.
Ин ҳукми Девони Байналмилалии Додгустарӣ бо истиқболи густардае дар сатҳи байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.