Ҳамлаи Амрико ва Британия ба фурудгоҳи байналмилалии Алҳудайдаи Яман
Шабакаи Алмасираи Яман аз ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ва Британия ба фурудгоҳи байналмилалии Алҳудайда воқеъ дар ғарби Яман хабар доданд.
Ин шабака рӯзи ҷумъа дар гузорише эълом кард, ҷангандаҳои амрикоӣ ва британияӣ тайи чаҳор ҳамла фурудгоҳи байналмилалии Алҳудида воқеъ дар ғарб Яманро ҳадаф қарор доданд.
Субҳи рӯзи ҷумъа низ Амрико ва Британия чаҳор ҳамларо ба минтақаи Алзаҳра дар устони Таъиз дар ҷануби Яман анҷом дода буданд.
Ҳамалоти Амрико ва Британия ба Яман дар вокуниш ба амалиётҳои артиши Яман алайҳи киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ дар баҳри Сурх, Араб ва баҳри Миёназамин анҷом мешавад.
Артиши Яман аз моҳи ноябри 2023 даҳҳо ҳамлаи мушакӣ ва паҳподиро ба киштиҳои тиҷории муртабит бо режими саҳюнистӣ анҷом додааст.
Неруҳои мусаллаҳи Яман ба думболи ташдиди ҳамлаҳои режими Исроил ба борикаи Ғазза ба ҳеҷ киштии исроилӣ ва киштиҳое, ки мақсади онҳо Фаластини ишғолӣ аст, иҷозаи убур аз баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандабро надодаанд.
Дар муқобил Вашингтон эътилофи дарёии байналмилалиро ба иддаои ҳимоят аз киштиронӣ дар баҳрҳои Сурх ва Араб эҷод кард, аммо тибқи гузориши расонаҳо, ин эътилоф амалан дар муқобили ҳамалоти мушакии Ансоруллоҳи Яман шикаст хӯрдааст.