Июл 18, 2024 10:20 Asia/Dushanbe
  • Чаро Исроил дурӯғи террори фармондеҳони муқовиматро мунташир мекунад?

Порс тудей - Мақомоти Тел Аваи барои фирор аз шикаст дар ҷанг ба интишори ахбори дуруғин мабнӣ бар террори фармондеҳони муқовимат рӯй оварданд.

Абдулбори Атвон, таҳлилгари ҷаҳони араб дар гузориши худ дар рӯзномаи “Raialyoum” бо ишора ба дурӯғҳои расонаҳои режими саҳюнистӣ, мабни бар шаҳодати фармондеҳони муқовимат, аз ҷумла Муҳаммад Ал Зайф, фармондеҳи аршади гурдонҳои шаҳид Иззуддин Ал Қисом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос дар Навори Ғазза навишт: Ин дурӯғпардозии расонаҳои саҳюнистӣ, чизе ҷуз ҳазёнгуӣ нест ва аз рӯи варшикастагӣ ва дармондагӣ матраҳ мешавад.

Ба гузориши Порс Тудей, Атвон таъкид кард: Фармондеҳони муқовимат дар Навори Ғазза, ки амалиёти Тӯфони Алақсоро тарроҳӣ ва иҷро карданд ва пеш аз он набарди «шамшери Қудс»-ро барои ёрӣ расондан ба Масҷидулақсо анҷом доданд; кобӯси руъбоваре барои Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими Исроил ва дору дастаи ифротии перомун ӯ ҳастанд ва барои ҳамин аст, ки тайи 9 моҳ аз ҷанг алайҳи Навори Ғазза ба ҳар даре задаанд, ки терроре анҷом диҳанд ва онро ба унвони дастоварде таҳвили афкори умумии ваҳшатзадаи худ бидиҳанд.

Вай афзуд, артиши режими саҳюнистӣ ба далели пойдории гуруҳҳои муқовимат дар Навори Ғазза шока шудааст ва аз ҳамин рӯ, шабонарӯз дар руъёи расидан ба Яҳё Ал Санвор, раиси ҷунбиши Ҳамос дар Навори Ғазза, Муҳаммад Ал Зайф ва Марвон Исо ва Рофеъ Салома ва дигар фармондеҳони муқовимату террор онҳо аст, аммо токунӯн роҳ ба ҷое набурдааст.

Ин таҳлилгар дар поён навишт: Онкӣ дар майдон шикаст хӯрдааст, ба террор рӯй меоварад. Бо дурӯғ ва дағалу наслкушӣ ва боло бурдани омори кӯдакони шаҳид, пирӯзӣ барои артиши Исроил дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза ва ҷануби Лубнон ба даст намеояд.

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп