Июл 27, 2024 11:29 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 256 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ

Бошгоҳи асирони фаластинӣ бо интишори гузорише шумори шаҳидони асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ аз соли 1967 то кунунро 256 нафар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бошгоҳи асирони Фаластин тасреҳ кард, ин теъдод шомили шаҳидоне аст, ки ҳуввияти онҳо мушаххас шудааст ва илова бар ин теъдод даҳҳо асири фаластинӣ низ дар Ғазза ва ба сурати қатлҳои майдонӣ тавассути низомиёни саҳюнист шаҳид шудаанд ва омори дақиқе аз ҳуввият ва теъдодашон дар даст нест.

 Дар охирин маврид шайх Мустафо Абуара-аз раҳбарони аршади ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар зиндони режими ишғолгари саҳюнистӣ ба шаҳодат расидааст.

 Бошгоҳи асирони Фаластин эълом кард, ки созмони зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба тозагӣ шайх Абуъраро ба хотири вахомати вазъияти ҷисмонии ӯ аз зиндони Римун ба бемористони Суруко мунтақил карда буд.

 Бо шаҳодати ин раҳбари Ҳамос, шумори асирони фаластиние, ки аз оғози ҷанг алайҳи Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ таҳти шиканҷа ба шаҳодат расиданд, ба 19 нафар афзоиш ёфт.

 Режим ҷаълии саҳюнистӣ аз ибтидои таъсис то кунун аз анвоъи равишҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ дар рафтор бо фаластиниҳо истифода кардааст.

Итамар бен Гойер-вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ ба тозагӣ дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, қатл роҳи ҳалле барои ҳалли мушкили сериздиҳоми зиндонҳост.

 Ин вазири тундравии саҳюнист дар вокуниш ба мувофиқати кабинаи режими саҳюнистӣ бо пешниҳоди таъсиси ҳудуди ҳазор боздоштгоҳи дигар барои асирони Фаластин ибрози хушҳолӣ кард.

 

Барчасп