Гуантанамои саҳюнистҳо дар қалби саҳро - ифшогарӣ аз шиканҷаҳои ваҳшиёна дар зиндонҳои Исроил
(last modified 2024-07-31T11:54:57+00:00 )
Июл 31, 2024 16:54 Asia/Dushanbe
  • Зиндонҳову боздоштгоҳҳои режими саҳюнистӣ ба марокизе хунбортар аз зиндони Гуантанамои Амрико табдил шудааст
    Зиндонҳову боздоштгоҳҳои режими саҳюнистӣ ба марокизе хунбортар аз зиндони Гуантанамои Амрико табдил шудааст

Порс – тудей. Фаластиниҳое, ки ахиран аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ озод мешаванд, ба қадре вазъияти нобасомоне доранд, ки суолоте ҷиддӣ дар бораи ин зиндонҳову рафтори саҳюнистҳо бо усарои фаластинӣ ба вуҷуд омадааст.

Ба гузориши “Порс-тудей”, мустанадоти мавҷуд аз нақзи мудовими қавонини башардӯстона дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ, аз ҷумла “Седи Тиман” ҳикоят дорад, ки дар як пойгоҳи низомии мутааллиқ ба фармондеҳии ҷанубии артиши режими ишғолгар дар 5 километрии шимоли ғарби шаҳри Баируссабъ, дар саҳрои Нақб қарор дорад. Боздоштгоҳе, ки имрӯз достонҳое аз зиндони маъруфи Гуантанаморо тадоъӣ мекунад.

Дидбони ҳуқуқи башари Аврупо - Медитарона таъкид кардааст: Зиндонҳову боздоштгоҳҳои режими саҳюнистӣ ба марокизе хунбортар аз зиндони Гуантанамои Амрико табдил шудаву анвоъи мухталифе аз шиканҷаҳои ваҳшиёна, бадрафторӣ, тавҳину таҳқири зиндониён дар он иҷро мешавад.

Муқоисаи Гуантанамо ва зиндонҳои исроилӣ

 

Ахиран рӯзномаи “Алъараби Алҷадид” ба шавоҳиде даст ёфтааст, ки нишон медиҳад дар миёни боздоштшудагон дар ин пойгоҳ ё дигар зиндонҳои режими ишғолгар, касоне ҳастанд, ки бо гузашти чанд ҳафта аз озодӣ, ҳанӯз таҳти дармони ношӣ аз асароти шиканҷа ҳастанд ва бархе аз мушкилоти рӯҳиву ҷисмӣ ранҷ мебаранд.

зиндониёни асири фаластинӣ дар дасти исроилиҳо

 

Ахирани видеое дар шабакаи “Алҷазира” ба намоиш даромад, ки дар он Муаззаз Абиёт, боксёри фаластинӣ бо ҳоли ҷисмии бисёр бад ва бо садое баромада аз заъфи баданӣ мегуяд: «Бародаронам дар зиндони Нақб ҳар рӯз ба шаҳодат мерасанд. Мо се ҳазор зиндонӣ ҳастем, ки зиндонбонони исроилӣ ҳар шаб моро мезананд. Ғизо намедиҳанд. Ҳаммоме дар кор несту иттифоқоте инҷо меафтад, ки ақл онро бовар намекунад».

Муаззаз Абиёт, боксёри фаластинӣ бо ҳоли ҷисмии бисёр бад

 

Ахиран рӯзномаи “Алъараби Алҷадид” ба шавоҳиде даст ёфтааст, ки нишон медиҳад, дар миёни боздоштшудагон дар ин пойгоҳ ё дигар зиндонҳои режими ишғолгар, касоне ҳастанд, ки бо гузашти чанд ҳафта аз озодӣ, ҳанӯз таҳти дармони ношӣ аз асароти шиканҷа ҳастанд ва бархе аз мушкилоти рӯҳиву ҷисмӣ ранҷ мебаранд. Ин ёфтаҳо илова бар гузоришҳои манобеи саҳюнистӣ, шавоҳиде аст, ки рӯзномаи “Ҳооретс” дар бораи мавориди марг ё марги тадриҷиву ғайриқонунӣ ва анвоъи шиканҷаҳо дар ин боздоштгоҳ эълом карда, ки тавассути як пизишки исроилӣ, ки дар бемористони саҳроии пойгоҳи “Седи Тиман” кор мекунад, фош шудааст.

Асадуллоҳ Ҳорун, яке аз зиндониёни собиқи зиндони Гуантанамои Амрикост, ки бо нигоҳ ба тасовири фаластиниёни дарбанди зиндонҳои Исроил, хотироти шиканҷаҳои боздоштгоҳҳои Амрикоро ба хубӣ ба ёд меоварад. Ҳорун дар соли 2007 боздошт ва муддати 16 сол бидуни ҳеҷ иттиҳоме дар зиндони Гуантанамо нигаҳдорӣ мешуд. Ба гуфтаи ӯ, фаластиниёне ки акнун дар зиндонҳои Исроил нигаҳдорӣ мешаванд, рафторе мушобеҳ бо ончӣ ки бар сари ӯ омадро таҳаммул мекунанд.

Муаззам Бег, мудофеи ҳуқуқи башар аст, ки ба муддати се сол ва бидуни иттиҳом дар зиндони Гуантанамои Амрико зиндонӣ буд. Ӯ низ ба ташобуҳоте миёни рафтори неруҳои амрикоиву низомиёни исроилӣ ишора мекунад. Бег гуфт: Шабоҳати ошкор, комилу ғайриқобили инкоре миёни зиндонҳои Исроил ва Гуантанамо дар наҳваи рафтор бо зиндониён, бараҳна кардану бадрафториву тавҳин бо онҳо вуҷуд дорад.

Асил Алтити, озодазани фаластинӣ низ зиндонҳои Исроилро шабеҳ ба зиндони Гуантанамои Амрико тавсиф кард.

Хабаргузории “Алолам Аларабӣ” ба нақл аз Алтити навишт: «Шароити мо бисёр ногувору ғайриинсонӣ буд. Занони асир дар зиндонҳо мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва ба ановини мухталиф шиканҷа мешуданд».

 

Барчасп