Режими саҳюнистӣ дар ҳарос ва ваҳшт аз посухи Эрон ва ҷабҳаи муқовимат
(last modified 2024-08-03T06:46:32+00:00 )
Август 03, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ дар ҳарос ва ваҳшт аз посухи Эрон ва ҷабҳаи муқовимат

Сарони ҷинояткори режими саҳюнистӣ, аз омодагии Эрон ва гурӯҳҳои муқовимат барои посухгӯӣ дар ҳарос ва ваҳшт басар мебаранд.

Йоав Галлант, вазири ҷанги режими сҳиунистӣ аз бими ҳамалоти кӯбандаи меҳвари муқовимат дар минтақа хостори ташкили эътилоф барои ҳифозат аз ин режим дар баробари «Эрон ва гурӯҳҳои ниёбатиаш» шуд. Вазорати ҷанги саҳюнистӣ, низ дар баёнияе эълом кард, ки Галлант дар гуфтугӯ бо вазири дифои Англия дар бораи омодагӣ ва қобилиятҳои низомиёни исроилӣ барои дифоъ аз Исроил дар ҳамаи ҷабҳаҳо сӯҳбат кард ва бар аҳаммияти эҷоди эътилоф ба манзури дифоъ аз Исроил дар баробари Эрон ва гурӯҳҳои ниёбатиаш таъкид кард.

Расонаҳои саҳюнист, низ гузориш доданд, расонаҳои эронӣ бо ба роҳ андохтани ҷанги равонӣ фиребамон доданд ва девонамон карданд. Ин хабарҳо дар шароите мунташир мешавад, ки режими саҳюнистӣ ба далели эҳтимоли ҳамлаи талофиҷуёнаи гурӯҳҳои муқовимат дар террори ду шахсияти бузурги меҳвари муқовимат дар омодабоши комил ба сар мебарад. Баъд аз таҳдиди меҳвари муқовимат ба посухи ҳатмӣ ба террорҳои ахири шаҳид Исмоил Ҳания ва шаҳид Фуод Шукар, ҳолате аз ҷанги равонӣ бар режими саҳюнистӣ ҳоким шудааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме зимни таслияти шаҳодати ин раҳбари шуҷоъ ва муҷоҳиди барҷаста ба уммати исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат ва миллати сарафрози Фаластин, таъкид карданд: "режими саҳюнисти ҷинояткор ва террорист бо ин иқдом заминаи муҷозоти сахтеро барои худ фароҳам сохт ва хунхоҳи ӯро, ки дар ҳарими Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳодат расид, вазифаи худ медонем."

Паёмадҳои иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар Ғазза, дар моҳҳои ахир намоиши омодагии комили неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин гурӯҳҳои муқовимат барои танбиҳи ин режимро бадунбол дошт.

Сарони режими саҳюнистӣ, дар ҳоле ки омили аслии танишофаринӣ ва буҳрон дар минтақа будаанд акнун бояд нигарони табаоти иқдомоти худ бошанд. Набарди токтикӣ ва истифода аз зарфиятҳои низомӣ омили муассир барои муҷозоти режими саҳюнистӣ аст, ки ҳамвора ҳадафе ҷуз куштори мардуми бедифоъ ва нобудии Фаластин надоштаанд.

Густариши амалиёти ҷабҳаи муқовимат дар моҳҳои ахир заминасози заъф ва фурӯпошии режими саҳюнистӣ будааст дар шароите, ки ҳамгомӣ ва ҳамдилии мардуми минтақа бо Эрон ва ҷабҳаи муқовимат низ афзоиш пайдо кардааст. Раванди таҳаввулоти минтақа нишон медиҳад, ки Эрон ба иқдомоти шаруронаи саҳюнистҳо бо қудрат вокуниш нишон хоҳад дод.

 

Барчасп