Дархости сарони Амрико ва чаҳор кишвари аврупои барои парҳези Эрон аз ҳамлаи низомӣ ба режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-08-13T09:01:44+00:00 )
Август 13, 2024 14:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости сарони Амрико ва чаҳор кишвари аврупои барои парҳези Эрон аз ҳамлаи низомӣ ба режими саҳюнистӣ
    Дархости сарони Амрико ва чаҳор кишвари аврупои барои парҳези Эрон аз ҳамлаи низомӣ ба режими саҳюнистӣ

Сарони Амрико ва чаҳор кишвари аврупои дар баёнияи муштарак, инсирофи Эрон аз ҳамлаи талофиҷуёнаи эҳтимоли ба режими саҳюнистиро хостор шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар баёнияи муштараке ки душанбешаб дар сомонаи Кохи Сифед мунташир шуд, омадааст сарони Амрико, Британиа, Фаронса, Олмон ва Италия дар бораи авзоъи ғарби Осиё гуфтугу карда ва аз талошҳои ҷорӣ барои коҳиши танишҳо ва расидан ба тавофуқи отабас дар борикаи Ғазза ҳимоят мекунанд .

Дар ин баёния омада аст аз дархости Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико, Абдулфаттоҳи Алсисӣ раиси Ҷумҳурии Миср ва Тамим бин Ҳамд бин Халифаи оли Сонӣ амири Қатар барои аз саргерии музокирот бо ҳадафи дастёби ба як тавофуқ дар асраъи вақти ҳимоят шудааст .

Сарони Амрико, Британиа, Фаронса, Олмон ва Италия аз Ҷумҳурии Исломии Эрон низ хостанд ки аз ҳақи худ мабнӣ бар ҳамлаи низомӣ ба Исроили сарфи назар кунад .

Дар пайи террори шаҳид Исмоили Ҳания раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва шаҳид Фуоди Шукр аз фармондиҳони аршади Ҳизбуллоҳи Лубнон, мақомот ва масъӯлони аршади меҳвари муқовимат эълом карданд ки интиқоми хуни ин шаҳидонро аз режим саҳюнистӣ хоҳанд гирифт .

Тарс, ваҳшат ва ошуфтагии равонии режими саҳюнистӣ аз посухи ҳатмии Эрон ба террори шаҳид Исмоили Ҳания ва вокуниши муқовимати исломии Лубнон ба террори шаҳид Фуоди Шукр руз ба руз афзоиш меёбад.

Барчасп