Бен Гвир ташнаӣ хунаст ; идомаи вокунишҳо ба таҳаррукоти вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-08-27T12:02:41+00:00 )
Август 27, 2024 17:02 Asia/Dushanbe
  • Бен Гвир ташнаӣ хунаст ; идомаи вокунишҳо ба таҳаррукоти вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ
    Бен Гвир ташнаӣ хунаст ; идомаи вокунишҳо ба таҳаррукоти вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ

Порс Тудей - тасмими вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ барои сохти каниса дар дохили масҷиди Алақсо , вокунишҳои ҳушдоромези мухолифон ӯро ба дунбол доштааст .

Вебсайти Қудс Алахбория рӯзи душанбе гузориш дод , « Бен Гвир » вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ дар изҳоротии тоза эълом кардааст , қасди сохт каниса дар дохили масҷиди Алақсоро дорад .

Ба гузориши Порс Тудей , Бен Гвир гуфт : « Сиёсатҳои мо иҷозаи намоз дар кӯҳи маъбад ( масҷиди Алақсоро ) медиҳад .Қонӯн барои яҳудёну мусулмонон баробараст ва ман қасди сохти як каниса дар онҷоро дорам » . Ин изҳоротро радиои артиши Исроил « глгтз » аз қавли вазири амнияти дохилии ин режим нақл кард .Ин изҳороти вокуниши бархе мақомоти саҳюнистиро дар пай дошт .  Вазири дохилаи режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба изҳороти Бен Гвир тасреҳ кард : « Нитонёҳу фавран бояд дар хусӯси масҷиди Алақсо , ҷулуи  Бен Гвиро бигирад » . 

Орбел зимни ҳушдор дарбораи ташдиди даргириҳо дар Қудси ишғолӣ , гуфт : « Дурандеш набудан Бен Гвир мумкинаст боиси хунрезӣ шавад . Изҳороти ӯ эътилофи роҳбурдии мо алайҳи Эронро ба хатар меандозад ». Раҳбари аҳзоби оппозитсюни порлумони режими саҳюнистӣ низ дар ҳамин бора баён кард : « Кули минтақа шоҳиди заъфи Нитанияҳу дар баробари  Бен Гвир аст ; Чун ӯ қодир ба кантрол Кабина нест ва ҳатто замоне, ки ин иқдом [ Бен Гвир ] боиси тазъифи амнияти дохилии мо мешавад , на сиёсатӣ вуҷӯд дорад , на роҳбурдӣ ва на Кабинаи воқеӣ » .

Пас аз бологирифтан интиқодҳо , дафтари нахуствазири режими саҳюнистӣ дар баёнияе эълом кард , тағйирӣедар вазъияти қонӯнии масҷиди Алақсо рух надодааст. Рӯзи якшанбе ҳам вай пас аз амалиёти Ҳизбуллоҳи Лубнони алайҳи Исроил ки дар посух ба террори « Фуод Шукр » аз фармондиҳони Ҳизбиуллоҳ сӯрат гирифт , изҳор кард : «Бен Гвир вазири амнияти Исроил бояд имрӯз барканор мешуд , аммо Бинямин Нитанияёуи кантролро аз даст додааст » .

Ҷунбиши муҷоҳидини Фаластин ҳам зимни маҳкӯм кардани суҳбатҳои ахири вазири амнияти дохилии режими саҳюнистии мабнӣ бар эҳдоси каниса дар Масҷидулақсо , онро бахше аз тарҳи яҳудисозии густардаи Қудс донист . Ҷунбиши муҷоҳидин ҳамчунин сукути кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар баробари таҷовузоти мустамари режими саҳюнистӣ алайҳи Масҷидулақсо ва ҳадафи қарор додани ҳувияти исломии ин макони муқаддас ва шаҳри Қудсро маҳкӯм кард .

Дар ҳамин иртибот ,  Эмом ҷамоат ва хатиби Масҷидулақсо дар мусоҳиба бо шабакаи Алҷазира гуфт : Бен Гвир ҳеҷ далелӣ барои иддаои худ дарбораи ҳақи яҳудён дар Масҷидулақсоро надорад ; Вай дар тарҳҳои иддаоеи худ шикаст хӯрда ва акнӯн ба дунболи мултаҳиб кардани авзоъаст то вонамӯд кунад ки корӣ анҷом медиҳад . Ӯ бо таъкид бар исломӣ будани  Масҷидулақсо , дарбораи ҳаргуна наздик шудан ба он ҳушдор дод . Гуфтанӣ аст , шикофҳо ва ихтилофи назарҳо даруни Кабинаи режими саҳюнистӣ рӯз ба рӯз ташдид мешавад .

Ифротгароёни ростигаро ҳамонанди Бен Гвир ва  вазири дорои режими саҳюнистӣ , хоҳони ташдиди иқдомоти алайҳ фаластиниён ҳастанд ; Дар ҳоле,ки соири мақомоти Тел-Авив чунин иқдомотеро барои ин режим хатарнок медонанд .Бар ин асос , канали 12 режими саҳюнистӣ гузориш дод :  Раиси  ( созмони иттилооту амнияти дохилии режими саҳюнистӣ ) бо ирсоли номае ба Нитанияҳу , аъзои Кабинаи эътилофӣ аз ҷумла Бен Гвир ва дигарро муттаҳам ба ташвиқи мустақим ва ғайримустақими саҳюнистҳои ифротӣ барои ҳамла ба ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ кард . Ӯ бо истифода аз вожаи “ террори яҳудӣ “ , аз гуруҳҳои ифротии саҳюнист ба шиддат интиқод кард .

Гуфта мешавад , Бен Гвир дар ҷаласаи Кабина ба шиддат аз ин нома хашмгин шудааст ва пеш аз тарки ҷаласа , хостори канорагирии раисии Шин Бет шуд .Ин дар ҳолеаст ки рӯзномаи  Исроил низ рӯзи душанбе , дар гузорише бо интиқод аз ҳимояти Бен Гвир аз намояндагони гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар Кабинаи режими саҳюнистӣ , ин намояндагонро муттаҳам ба ҳимоят аз эътиқодоти ифротии худ кард .

Дар сармақолаи ин рӯзнома омадааст ки Бен Гвир аз яҳудёни террурист ҳимоят мекунад ва аз қудрат , манобе ва ихтиёроти худ ба унвони вазири амнияти миллӣ барои ин манзур баҳрабардорӣ мекунад . Ин рӯзномаи афзӯд : Террористҳое, ки Бен Гвир аз онҳо ҳимоят мекунад , бозуи низомии созмонӣ ҳастанд ки ӯ ба он таъаллуқ дорад ва манофеашро дар Кабина намояндагӣ мекунанд .

Бар асоси изҳороти ин рӯзнома , Бен Гвир дар Кабина ҳузур дорад , аммо вафодории ӯ ба ақоидааш фаротар аз Кабина аст ва дар сӯрати мухайяр кардани ӯ миёни вафодорӣ ба Кабина ва вафодорӣ ба эътиқодоташ ( коҳонисм ) , қатъан дувумиро интихоб хоҳад кард . Бен Гвир , вакилу сиёсатмадори 48 солаи исроилӣ аз соли 2019 раҳбарии ҳизби рости ифротӣ « қудрати яҳӯдӣ » ( Otzma Yehudit )ро баръуҳда гирифт .

Дар интихоботи марти 2021 , ин ҳизби таи эътилофе бо ҳизби иттиҳоди миллӣ ба порлумони режими Исроил роҳ ёфт . Ӯ дар идома ба унвони вазири амнияти дохилӣ мансӯб шуду кантроли бахши полиси марзии Исроил дар Каронаи Бохтарии ишғолиро ба даст гирифт .