Август 31, 2024 14:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои густурдаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли сарзаминҳои ишғолӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон шаҳракҳои саҳюнистнишин ва пойгоҳҳои низомиёни Исроил дар шимоли Фаластини ишғолиро бо мушак ҳадаф қарор дод.

Шабакаи 12 телевизиони Исроил дар гузорише аз шиллики даҳҳо мушаки Ҳизбуллоҳи Лубнон ба сӯи Алҷалили ғарбӣ воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар дод.

 Ин шабакаи телевизионӣ ҳамчунин гузориш дод ҳамлаи мушакии густурдаи Ҳизбуллоҳ ба шимоли Фаластини ишғолӣ иқдоми ҷавобӣ нисбат ба ҳамлаи Исроил ба манотиқи ҷануби Лубнон сурат гирифтааст.

 Дар ҳамин ҳол ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шаҳраки "Тирҳарфо" дар ҷануби Лубнонро бомбаборон карданд.

 Ҳамзамон бо ҳамлаи мушакии густурдаи Ҳизбуллоҳ ба шимоли Фаластини ишғолӣ, артиши Исроил ба сокинони минтақаи ишғолии Алҷалили ғарбӣ дастур дод ҳамчунон дар паноҳгоҳҳо ва маконҳои мустаҳкам боқӣ бимонанд.

 Як расонаи Исроил низ бомдоди имрӯз(шанбе) дар гузорише эълом кард, паҳподҳои Ҳизбуллоҳ дастгоҳҳои амниятии Исроилро нигарон кардааст.

 Ҳизбуллоҳ рӯзона чандин паҳпод равонаи Исроил мекунад, ки ба иллати тавони болои онҳо падофанди ҳавоии Исроил қодир ба раҳгирии онҳо нест.

 

Барчасп