Сентябр 01, 2024 10:29 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдори Ҷанин: Режими Исроил ба дунболи кӯчи иҷбории мардуми Фаластин аст

Порс тудей - Шаҳрдори Ҷанин ҳадаф аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарии руди Урдунро фишор бар фаластиниён барои кӯчондани иҷбории онон унвон кард.

Режими саҳюнистӣ дар ҷинояти тозае, бузургтарин ҳамлаи худ алайҳи Каронаи Бохтариро дар ду даҳаи ахир оғоз кард. Ин ҳамла умдатан бар шаҳри 39 ҳазор нафарии Ҷанин, шаҳракҳои атрофу урдӯгоҳи паноҳндагони Ҷанин, шаҳри Тулкарам ва урдӯгоҳи паноҳндагони Нур Шамс, урдӯгоҳи оворагони Ал Фараҳ дар шимоли дарраи руди Урдун ва шаҳри Наблус мутамарказ аст.

Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз Алҷазира, Назол Убайдӣ, шаҳрдори Ҷанин гуфт: Ишғолгарони саҳюнист бо ҳимояти ҳомиёни байналмилалии худ дар пайи ташдиди амалиёту ҷиноятҳои худ дар ҳаққи аҳолии Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ ҳастанд.

Шаҳрдори Ҷанин афзуд: Ҳадафи ишғолгарон аз амалиёти кунунӣ дар Каронаи Бохтарӣ талош барои муҳосираи мардуми Фаластину фишор бар онон ба манзури водор кардани онон ба кӯчи иҷборӣ аз хоки худ ҳастанд ин дар ҳоле аст, ки ватани мо ҳаминҷо аст.

 

Барчасп